Деҳаро ободу зебо месозем!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Асроров Шералӣ ва бо дастгтрии сокинон дар роҳравҳои дохили деҳа  гулҳои ороишӣ шинонида шуд, ки ин ташаббуси ҳизбиён ба симои ҷамоати деҳот зебогии дигарро зам намуд. Дар оянда низ чунин иқдому ташаббусҳои созанда аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пайваста роҳандозӣ карда мешавад.