АКСИЯИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ ва дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло «Рўзи ёдоварӣ» оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, имомхатибон, сокинон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ноҳия баргузор карда шуд.

Сокинони ноҳия ба ҳашари умуми баромада гирду атрофи оромгоҳҳоро аз алафҳои бегона тозаю озода ва бехҳои дарахтонро нарм карда, роҳҳои дохили оромгоҳро сангфарш намудаанд. 

Бояд ёдовар шуд, ки амалиёти мазкур якшанбеи охири ҳар моҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз баргузор намудани ин амалиёти умумивилоятии "Рӯзӣ ёдоварӣ" ин тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ба шумор меравад.