Вусъати корҳои ободонию созандагӣ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта истодаанд.

Бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” Давлатов Абдулло дар ҳамбастагӣ бо аъзоёни фаъоли ҳизб ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" 17 симчӯби нав дар деҳа шинонида шуда, фурӯзонакҳои ороишӣ насб гардиданд.