ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор карда мешавад.
Тибқи нақшаи кории дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №30-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" бо   иштироки хатмкардагон, омузгорон, директори  муассиса ва  раиси  маҳала баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин вохури дастгирии  муассисаҳои таълимӣ ва ҷалб намудани сокинони дорои имконияти хуби иқтисодӣ дар корҳои бунёдкорию  созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин намудани мизу курсиҳо умуман мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Ин ташаббус аз тарафи сокинон ҷонибдорӣ гардида, онҳо иброз доштанд, ки  дар таъмири ҷории мактаб ва таъмини синфхонаҳо бо мизу курсӣ ёрии амалии худро мерасонанд.