БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №16-и Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  “Соати сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он хонандагон иштироки фаъолона доштанд. Соати сиёсӣ дар мавзуҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон”, "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва оид ба ташабусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оби тоза гузаронида шуд.