БАРГУЗОРИИ "ХОНИШИ СИЁСӢ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва супориши протоколии Маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар ташкилоти ибтидоии "Ориёно" баргузор карда шуд.Дар рафти "Хониши сиёсӣ" Сайдалиев Гадоӣ қайд кард, ки зимни Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз кардааст: "Ҳифзи истиқлолияти давлати ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.