БАРГУЗОРИИ "ХОНИШИ СИЁСӢ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва супориши протоколии Маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки Сайдалиев Гадоӣ корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Сафаров Мансурҷон корманди МИҲДН ва Саидов Шамсиддин корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ташкилоти ибтидоии "Чойлобкамар" баргузор карда шуд.

Дар рафти "Хониши сиёсӣ" Сайдалиев Гадоӣ вобаста ба ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ намуд.

Ҳамчунин вобаста ба самти ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиноси ва худогоҳии миллӣ баромадкунандагон суханрони карданд.