ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо  мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёти Нав" бо ташаббуси аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёти Нав" аз ҳисоби хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 Махсумов Маъруф зиёда аз 100 бех ниҳолҳои ороиши арча ва мевадиҳанда шинонида шуданд. 

Корҳои сабзу хуррамгардонии маҳали зист дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо маром идома дорад.