ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛЗАНОН.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки занон - раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, фаъолзанон ва собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҷамъомад бахшида ба " Рӯзи модар" баргузор гардид.

Шоири Халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ занону бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрик гуфта, дар васфи модар шеърҳои худро қироат карданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидмуминзода Аббос ва мудири шуъбаи маориф Насимчон Ғоибзода занону бонувонро ба муносибати идашон табрику муборакбод намуда, саҳми занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд арзёбӣ намуданд.

Ба 20 нафар фаъолзанони ноҳия туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба муносибати "Рӯзи модар" супорида шуд.