ОБОДИЮ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба шанбегӣ баромада, саҳни бинои Кумитаи иҷроияро тозаю озода намуданд. Инчунин кормандон ба шинонидани гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ороиши машғул гардиданд.

Тозаю озода ва зебогардонии маҳали зист вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарастӣ ҷомеа мебошад.