БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ. 

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Барқчиён" хониши сиёси бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва намояндаи шабакаи барқ дар минтақаи Кўлоб Бадриддин Саидов баргузор гардид. 

Зимни баромад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимҷон Шарипов дар бораи Одобномаи корманди ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Одобномаи корманди ҳизбӣ маҷмӯи қоидаҳои рафтори кормандони ҲХДТ-ро муайян карда, сифатҳои ахлоқии фаъолияти касби ва масъулияти онҳоро дар муносибат ба татбиқи ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқӣ, касбӣ ва сиёсӣ мебошад. 

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии мамлакат баромад намуд.

Бадриддин Саидов дар бораи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва маданияти истифодаи нерӯи барқ суханрони карда, қайд намуд, ки мардуми ноҳия сарфакориро оиди истифодабарии нерӯи барқ риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.