СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони деҳаи Файзобод баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободонию созандагӣ дар маҳалли худ машғуланд.

 

Бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати Даштигуло" Қурбонов Ҷумахон ва бо дастгирии шахсони саховатпеша, кучаҳои деҳаи Файзобод сангфарш гардиданд.