БАРГУЗОРИИ "ХОНИШИ СИЁСӢ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва супориши протоколии Маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар ташкилоти ибтидоии "Сафар Гадоӣ" баргузор карда шуд.Дар рафти "Хониши сиёсӣ" вобаста ба ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ карда шуд.Ҳамчунин вобаста ба самти ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ибрози андеша карда шуд.