ТАҶЛИЛИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТИ "ЧОЙЛОБКАМАР"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чойлобкамар" дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  № 49-и деҳаи Чойлобкамари Ҷамоати деҳоти Чубек Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ин ниҳоди давлатӣ ҷашн гирифта шуд.

Мавриди қайд аст, ки хонандагону омӯзгорони мактаби мазкур бо матонату иродаи мустаҳкам, ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва эҳтирому садоқат нисбат ба Ватан-Модар чорабинии хубе пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар интиҳо ба фаъолон ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.