30-УМИН СОЛГАРДИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОД!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бахши ҷавонон ва варзиш"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии Артиши миллӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афсарону сарбозон, афсарони мустаъфӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, Шӯрои собиқадорони ноҳия баргузор гардид. 

    Сараввал, Суруди миллӣ хонда шуд, баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар чорабинӣ суханронӣ намуда, сарбозону афсарони қисми ҳарбии номбурдаро ба муносибати ин ҷашни муборак самимона табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки; “Таъмини бехатарӣ, амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу субот дар кишвар аз Артиши миллӣ вобаста аст. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо нерӯи бузург ва омодагии ҳамаҷониба марзу буми кишварро аз ҳаргуна амалҳои нопоки душманон ҳифз менамояд” 

Сипас, ҳамчун рамзи эҳтирому садоқатмандӣ ба қисми ҳарбӣ расми Пешвои муаззами миллат бо яке аз афсарони ҳамин қисми низомӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфа гардид. 

Инчунин аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия як қатор туҳфаҳо ва лавозимоти варзишӣ ба сарбозону афсарон тақдим шуд. Дар идомаи чорабинӣ фаъолону пешсафони қисми ҳарбӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Дар интиҳо аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барои болидарӯҳии сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ доир шуд.