Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои корами наздиҳавлигӣ масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ гурӯҳи корӣ бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар ҷамоати шаҳрак ташкил  намуданд.

Зимни вохӯрӣ кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои корами наздиҳавлигӣ, ду ва ё се маротиба рӯёнидани ҳосил, кишти такрорӣ, захираи маводҳои хӯрока ва таъмини амнияти озуқавории ҳар як оила миёни сокинон суҳбатҳои судмандро ба роҳ монданд.