Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир аз он ҷумла ба кишварҳои Осиёи марказӣ

Фархор: Вокуниш  

 

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд.Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омўзиши ҳама ҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнуъ мебошад. Гурўҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зўроварӣ низ рў намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд. Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.Пешвои миллат, Президент ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рўз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Пешвои миллат дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.  Вобаста ба ин аз ҳамаи шаҳрвандон ва маҳсусан ҷавонон даъват ба амал меорем, ҳушёрию зираки аз даст надода, ҳамеша пайравони асили Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гарданд ва ҳамеша дар сафи аввали мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ бошанд.

Назаров Саидмумин – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Меҳровар” дар ноҳияи Фархор