СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲО ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бемориҳои сил” ҷиҳати шарҳу эъзои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходимони дин мулоқот бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Тағайзода Рустам баргузор карда шуд шуд.   Тағайзода Рустам дар суханронӣ иброз доштанд, ки Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва или таваҷуҳи беандоза доранд. Маҳз ҳамин тавваҷуҳ ва ғамхориҳои Перезиденти кишвар боис ба он шуданд, ки ҷавонони мо дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар ҷавоб ба ин мо омӯзгоронро мебояд корро дар самти тарбияи хонандагон дучанд намуда, кушиш намоем, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои ватандорӣ, ҳарчи бештар ишттироки онҳо дар озмуну олимпиядаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он тарбият намуда, номбардорони аслии ватани хешро ба камол расонем.Ҳамзамон, Пешвои миллат гуфта гузаштад, ки “Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.Аз ин лиҳоз таъкид шуд, ки ҷавононро дар масири омузиши илму касб, забономузӣ, хештаншиносӣ тарбият намоем, ки дигар ба хурофотпарастӣ даст назананд. Зикр гардид, ки дар арафаи иди саиди Фитр аз харҷи беҳудаву бемаврид, исрофкорӣ даст кашида ба хонандагон шароити хуби хониш фароҳам оваранд. Татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” таъмин карда шавад.Раҳимзода Раъно дар баромадашон қайд карданд, ки дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Ба ин мақсад   санадҳои махсуси меъёрию ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва ғ.) қабул ва дар амал ҷорӣ карда шудаанд, мунтазам  тадбирҳои зарурии илмию фарҳангӣ андешида ва амалӣ карда мешаванд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, боиси ифтихори мост, ки бунёдгузори мазњаби њанафї, ин мазҳаби бузургтарин ва бонуфузтарини исломӣ, ки аксарияти мутлақи халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳон пайрави он мебошанд, аз лиҳози мансубияти нажодӣ – ориёӣ, эронитабор аст.