СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Фархор: Андеша  

 

Тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш ва мушкилоти азим рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.Об дар ҷаҳон, махсусан, Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавист. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад. Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар 60 соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯиҳои илмӣ ин талабот то соли 2030 боз то 20 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард.

Ҳамин аст, ки ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Кишвари мо тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин, Даҳсолаи байналмилалии «Амал об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад.

Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд.

Тоҷикистон дорои захираи фаровони обӣ мебошад ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал агар боришоти зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар пиряхҳост, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (куҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.

Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.

Воқеан, ин пазироӣ ба сифати кишвари ташаббускор асосҳои худро дошта, дар ин замина, то ба имрӯз дар аксари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зикри худро ёфтаанд.

Алалхусус, дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният қарор гирифтааст.

Дар ҳамин раванд, соли 2008 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад».

Албатта, дар мавриди зикршуда ҳолати таъсири нобасомони гармшавии иқлимро нисбат ба пиряхҳо мушоҳида карда метавонем, ки дар ҳолати чораҷӯйӣ накардан аз ҷониби мамлакати алоҳида ва ё дар якҷоягӣ давлатҳои минтақа ва ҷаҳон метавонад ба оқибатҳои ногувори табиӣ оварда расонад. Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқию обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, зеро аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои ишорагардида оварда расонад.Дар баробари ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21-уми декабри соли 2021 таъкид ба амал оварда шудааст, ки “Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.Натиҷаи кӯшишҳои Роҳбарияти олии мамлакат буд, ки санаи 14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. 

 

бознашр