МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ АСОСИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ АСТ!

Фархор: Андеша  

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои узв ва вакилони ин мақоми олии қонунбарор ба халқи шарифи Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 – дар анҷоми соле, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан ҳам таърихӣ ба ҳисоб меравад, ироа гардид. Воқеан, Паёми Сарвари кишвар сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад. Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватани азизамон Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ ва ояндабинӣ қарор гирифта, аз амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, рушди бемайлони тамоми ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мужда дода шуд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Пешвои маҳбуби миллат хотирнишон карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.
Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши муҳим дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки мазмуну мўҳтавои он чи қадар афкори ҷамъиятро дар бар гирад, ҳамон қадар барои инкишофи ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд. Ин хулосабарорӣ ҳоло эътирофи умумро соҳиб гаштааст ва дастоварди бузурги ҳуқуқӣ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад.Бинобар ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” иқдоми саривақтӣ мебошад, зеро давлат ҳамон вақт пеш меъравад, ки мардумаш соҳибмаърифат бошад аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ дошта бошад ва дар ҳамон вақт сатҳи содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа коҳиш меёбад. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии нақши соҳаи маориф аввалиндараҷа мебошад беҳуда нест, ки Пешвои миллат чун ҳарвақта соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки кишвар меҳисобанд ва имрӯз Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.
Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Инчунин қайд намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Пешвои миллат сарчашмаи тамоми пешравиҳоро дар соҳаи маориф мебинанд зеро бе соҳаи маориф ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайри имкон аст.
Ҷомеаи шаҳрвандии муосир натиҷаи ташаккули тӯлонии таърихӣ мебошад. Дар ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулёфта шарафи инсон, этиром ба шахсият ва оила ба сифати пояи асосии сохтори ҷамъиятиву сиёсӣ ва давлатӣ эътироф карда мешавад. Воцеан, ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури муҳим буда барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд шароити зарурӣ фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Барои ташаккул ва фаъолияти озодӣ ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Констиутсия имрӯз дар кишвар тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, эътирофи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар шахс ҷузъӣ таркибии сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад ва онҳо пайваста такмил дода мешаванд.Ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ҳамон андоза пеш меравад.Умуман, аз ироаи Паёми имсола бармеояд, ки мӯҳтавои асосии ҳар як самт ва соҳаҳоро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд. Ё ин, ки ҳар пешниҳоде, ҳар супоришу вазифаҳое, ки дар Паём манзур мегардад, баҳри беҳбудии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ҳама соҳаҳо, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии он дода мешавад.Ҳамаи мо имрӯз вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул бошем ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем, зеро давлате, ки муттаҳиду сарҷамъ ва бомаърифат аст ягон мушкилӣ онро пароканда карда наметавонад.