МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ МИЁНИ ХОНАНДАГОН ИДОМА ДОРАД

Фархор: Созандагони ватан  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футболи минёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия роҳандозӣ гардида аст. Санаи 27 – апрели соли ҷорӣ идомаи мусобиқаи  мазкур дар муассисаҳои таълимии  Ҷамоати деҳоти Ватан доир гардид. Мусобиқаи аз руи системаи олимпи баргузор гардида то санаи 20 – май идома меёбад. Ғолибони даври ноҳияви дар чорабинии тантанав, ки бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд бо Ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мегарданд.