ТЕРРОРИЗМ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД...

Фархор: Вокуниш  

 

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳими илмҳои сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва донишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равона гардиданд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳмиши васею ҳамаҷонибаи он ба пеш меояд. Бинобар ин, таҳқиқ ва баррасии экстремизм- зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Ба монанди гурӯҳҳои эктремистии “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллӣ” ва амсоли инҳо, ки тариқи шабакаҳои ичтимои бар зидди миллати тоҷик гапҳои пасту қабеҳ ва дуруғу буҳтонҳо мебофанду бо барномаҳои иғвоангези худ паҳн мекунанд. Мақаси аслии онҳо ин ба даст овардани маблағи муфт аз шабакаҳои ичтимоист ва ҳамчун “Бологерон” дастурҳои хочагони хориҷиихудро тарғиб кардан аст. Ҳафтае ду ваё се маротиба ҳамин баромаҳои ифротии худро дар шабакаи ичтимоии You Tube пахш намуда, хоҳиш мекунад, ки бо онҳо (лайк) маҳқул гузоранд. Аммо сад афсус, ки дар миёни мардуми тоҷик то ҳануз ҳастанд нафароне, ки ба суханони аблаҳонаи онҳо пайрави карда, бо онҳо ҳамдаст мешаванд. То имрӯз мардуми кишвар пай бурдаанва медонад, ки ин хоинони мақсади ноором кардани кишвари биҳитосои моро доранд ва ба онҳо пайрави намекунанд барои ҳамин ин гурӯҳҳои бадбин ба меҳоҷирони меҳнати бисётан ру овардаанду онҳо ба роҳи экстемизм кашидан мехоҳанд.

Мардум бояд доанд, ки экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ ва ҷангҷӯёна дорад. Ин амалу зуҳуротҳои он  дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш таъсир расонида метавонад. Аломатҳо, тамоюл ва нишонаҳои ин бесарусомонии сиёсии ҳадафманд, ки неруи сеюм роҳандозӣ кардааст, ҷомеаи солимақлро ба ташвиш овардааст. Бадбахтона, аксар аз он шаҳрвандоне, ки пайрави маъракаи иттилоотии ин хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд даҳшат ва зиёни ҷанги шаҳрвандиро фақат шунидаанд.  Ва бехабар ва нофаҳмида аз пайи иштибоҳи иғвогарони солҳои 90-ум мераванд. Инҳо ҳамон Кабирию дигар саркардагони ҳизби эктрамистию террористии ноҳзати исломи ҳастад. Вале ин гурӯҳи ҳамдиёрони мо ба тамоми миллат мухолифат доранд, худро бо мардуми кишвар мухолиф эълон карда, бо ғазабу таҳдид ҷомеаро ба табаддулот даъват мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд, ки натиҷаҳои ногувори он амалӣ нагардад. Бо ин мақсад, аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”  ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуротҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ҳол он ки ин зуҳуротҳо ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Ҳамзамон, ҳодисаҳои вақтҳои охир дар марзи кишва бо Афғонистон, ки гурӯҳи мусалаҳи террористони узви узви гуруҳи террористии ҷамоати “Ансуруллоҳ” будан ва бо мақсади халалдор намудани амнияти кишвар вориди марзи Тоҷикистон шуданд аз тарафи гурӯҳи зудамали зидди террориститии КДАМ безарар гардонида шуда буданд далели гуфтаҳои болост.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Аз ин хотир аз сокинони кишвар ва махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дур аз Ватани маҳбубамон фаъолия доред, ба чанд навони бофтаи ин хоинони миллати тоҷик бавар накунед чунки шуморо дар хона падару модар, зану фарзандон ва ақрабонатон интизоран. Бо сухонони ин пастфитратон ҷони худро ва миллати тогҷикро зери хатар нагузоред.