НАБОЯТ ФИРЕФТАИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ГАРДЕМ

Фархор: Созандагони ватан  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Фархор бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар хонандагон ҷамъомад таҳти унвони “Ҷавонон зидди терроризму экстремизм” доир карда шуд.

         Устодон зимни суханрони оид ба мавзуи болозикр иброз доштанд, ки дар ҷаҳони муосир як қатор масоили хатарзои ҷиддие ба мисли экстремизм, терроризм ва фундаментализм ба вуҷуд омадаанд, ки на танҳо куллии ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, балки зуҳуроти хеле номатлубу барои давлату ҷомеа оқибатҳои вазнин бавуҷудоваранда мебошанд.

  Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони кишварҳои гуногунро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. 

         Маҳз бо ин роҳу восита, як қисмати онҳо мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд, зеро онҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.

Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» гирифта шуда, маъноаш «тарс”, “ваҳм”, “даҳшатафканӣ” аст.

Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” аз 23 декабри  соли 2021, таҳти №1808 терроризм – мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад;

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин муайян карда мешавад: «Терроризм - ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ,  тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо инчунин таҳдиди содир намудани  кирдорҳои зикргашта, бо мақсадҳои номбурда мебошад».

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба миён оварад, ки он дар оянда метавонад ба ифротгароӣ табдил ёбад.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани ҳокимият ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст. Баҳри амали намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳатто муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.