МУЛОҚОТИ САРДОРИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ БО ХОНАНДАГОН

Фархор: Созандагони ватан  

 

Санаи 20 апрели соли ҷорӣ бо мақсади пешгири ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳи оид ба хатару оқибатҳои гурӯҳҳои террористию экстемистӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мулоқоти сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фархор Қурбонзода Фирдавс миёни хонандагон баргузор карда шуд.Қурбозода Фирдавс дар баромадашон қайд карданд, ки  Терроризм  аз рӯи зуҳури худ  қоидаҳои зиёди ғайриқонуниеро дарбар мегирад, ки   якнавохт нестанд, маънои аслии терроризм  бошад,  тарс, ваҳм ва даҳшатафканӣ аст. Аз ин рӯ, аксари  пажӯҳишгарон террорро  шакли махсуси зӯроварии сиёсӣ дониста, онро ҳамчун идеологияи экстремистӣ ва бераҳмии ҳадафмандона баррасӣ менамоянд. Таърихи инсоният  низ шаҳодат аз он медиҳад, ки гурӯҳҳои алоҳида ва ташкилотҳои террористӣ идеологияи экстремистиро  ҳамчун воситаи расидан ба мақсад  ба воситаи куштору ваҳмангезӣ  истифода мебаранд.  Дар солҳои охир  усули  дигари  даҳшатангезӣ,  терроризми   байнисарҳадӣ  низ  ба миён омадааст.

Мавриди қайд аст, ки ташкилотҳои сиёсии экстремистӣ на танҳо  барои нишон додани мавҷудияти худ ва аз байн  бурдани  рақибони сиёсии хеш ба амалҳои террористӣ даст зада, вазъи ҷомеаро ноором месозанд, балки барои  барқасдона  иғво андохтан   дар марзҳои  сарҳадӣ амалҳои террористиро истифода мебаранд, ки ин аз мадди назари  пажӯҳишгарон  дур мондааст.

Инчунин, зикр намудан зарур аст, ки тафовутҳои навъҳои  терроризм  бештар аз мақсад ва амалкарди террористон вобастагӣ доранд. Масалан, террористон бештар  кӯшиш менамоянд, ки бо амалҳои  худ ҷомеаро тарсонанд, сохтори давлатиро дигаргун созанд ва ё  сиёсати дохилию хориҷии давлатро тағйир диҳанд. Ҷинояткори муқаррарӣ бошад  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб накарда, ба сохтори ҷамъиятӣ кордор нашавад ва фаъолияти худро махфиёна амалӣ намояд. Агар террорист кӯшиш намояд, ки ба кулли системаи давлатдорӣ зарба занад, пас ҷинояткор хоҳони он аст, ки  ба таври ниҳонӣ  аз амалаш фоида  ба даст биорад. Ё ин ки  ҷинояткори муқаррарӣ баъди содир намудани ҷиноят саъй менамояд, ки аз чашми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон монад, террорист бошад, баъди анҷом додани амали террористӣ рӯирост дар бораи амали содиркардаи  худ суҳбат менамояд, то ки  ҷомеаро ба  тарсу ваҳм андозад.