ИТТИЛООТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

Фархор: Андеша  

 

Дар арафаи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи устувори рушди технологияҳои муосир омӯзиши чуқури фанни амнияти иттилоот аҳамияти махсусро пайдо мекунад. Бо баробари ин, дар ин шароит мукаммалгардонии механизми ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мутобиқсозии тамоми равияҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ комилан рушди ҷараёни умумиҷаҳониро талаб менамояд, ки донишҷӯён бояд ба пуррагӣ технологияҳои муосирро аз худ намоянд.Дар хоҷагии ҷаҳонии муосир тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омада истодааст. Ин нуқтаи назар водор месозад, ки донишҷӯён низ дониши мукаммал нисбати технологияҳои муосир, барномаҳои мухталиф пайдо намуда, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссаи худро гузоранд. Бо ҳамин мақсад аз тарафи муаллиф комплекси таълимӣ–методии мазкур тартиб дода шуд, ки ин барои истифодаи донишҷӯён пешкаш мегардад.Ҳоло дар инкишофёбии хоҷаги халқ таъсири прогресси илмию техникӣ бисёр баланд мебошад, ки аллакай ҳар як фарди маълумотнок ҳаёти худро бе технологияҳои муосир тасаввур карда наметавонад, аз ин лиҳоз, донишҷўён бояд ба ғайр аз донистани технологияи муосир, боз ҳифз намудани иттилоти дар он бударо донанд. Рушди раванди иттилоотии ҷомеа ва тадбиқи пурра ва комили компютер дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон проблемаи амнияти иттилоотиро боз ҳам ба дараҷаи болотар бардоштааст. Акнун ҳалли ин проблемаро дар баҳисобгирии маҷмўи шароитҳои нави гардиши иттилоот, эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, ки онҳо дар якҷоягӣ муҳити иттилоотӣ ном гирифтаанд, ҷустан лозим аст.Бо эҳтимоми Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд Қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» таҳти №334, аз 12-уми ноябри соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» таҳти №832, аз 3-юми июли соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таҳти № 411, аз 18-уми июни соли 2008 ва ғайра. Қайд карда мешавад, ки Қонунҳои мазкур аз ҷиҳати назариявӣ доир ба самти ҳифзи иттилоот саҳми хешро мегузорад.Маҷмўи омилҳоеро, ки барои фаъолияти муътадили муҳити иттилоотӣ хавфноканд, таҳдиди иттилоотӣ мегўянд. Натиҷаҳои мушаххаси таъсири ин таҳдидҳо – гумшавии иттилоот, тағйирёбии миқдор ва мазмуни иттилоот, дастрасшавии иттилоот ба шахсони бегона ва ғайра шуда метавонанд. Таъсири ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқӣ ба муҳити иттилоотӣ метавонад ба манфиатҳои шахси алоҳида ва ҷамъият зарари чиддӣ оварад. 

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор