ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ЗИЁНОВАРАНД

Фархор:  

 

Мулоқоти мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Втана” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 оид ба мавзуи болозикр баргузор гардид.Мавзӯи суҳбат оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон буд, ки нотиқ бо иқтибосҳо аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намуданд, ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки  “дар роҳи расидан ба ин ҳадаф – ҳалли масоили ҷавонон мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ,  таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем. Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватан дўстӣ.ахлоқи ҳамида. эҳтироми падару модар ва калонсолон,  сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шостаи мо кору пайкори насли  имрўзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд”.