БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ХОНАНДАГОН

Фархор: Созандагони ватан  

 

Дар Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бахшида ба элон гардидани соли 2024 ҳамчун соли баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҳарбӣ ватандустии шаҳрвандон” мулоқоти намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурурии Тоҷикистон бо хонондагони синфҳои болоии ин муассиса мулоқот баргузор карда шуд.Нотиқон дар суҳбат оид ба мавзӯи болозикр қайд карданд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи наврасони ҷиноятпеша ва теъдоди ҷиноятҳо дар байни наврасон афзудааст. Боиси хурсандист, ки шумораи ин гуна наврасон феълан дар қиёс ба солҳои 90-уми қарни ХХ кам гаштааст, вале ин ҳанӯз намегузорад, ки масъулину мутахассисин нисбати ин масъала бепарво бошанд. Зеро набояд дар давлате, ки анқариб 90 фисади аҳолиашро тоҷикон ташкил мекунанду таърихи кӯҳану фарҳанги волоро соҳиб аст, инчунин эҷодиёти адибонаш сар то сар аз панду ҳикматҳо иборат аст, теъдоди наврасони ҷиноятсодиркунанда зиёд бошад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеаи он гардад.

Ҳамаи ин албатта, сабабу омилҳои зиёди худро доранд, ки аз ҷумлаи ин гуна омилҳо инҳоро метавон ном бурд: паст будани сифати таълиму тарбия дар макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ, бо таълиму тарбияи мактабӣ фаро гирифта нашудани қисме аз наврасон, ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ барои наврасон ва ё умуман амал накардани онҳо, сатҳи пасти вазъи иҷтимоию иқтисодии бештари оилаҳо, ба меъёр ҷавобгӯ набудани сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолии кишвар, аксар вақт беназорат мондани наврасон аз тарафи волидайн, суст ба роҳ монда шудани ҳамкории мактабу хонавода, ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудани тарбияи ахлоқӣ ва ҳуқуқии наврасон дар мактаб, бинобар сабаби амал накардани маҳфилҳои фаннӣ дар мактабҳо бекор мондани наврасон ва дар натиҷа ба амалҳои ношоиста даст задани онҳо, дар оилаҳои нопурра ба воя расидани бархе аз наврасон, сол аз сол афзудани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксари онҳоро падарон ташкил мекунанд ва дар натиҷа аз тарбияи падари хеш бебаҳра мондани наврасон, барои наврасон комилан дастрас будани тамоку машруботи спиртӣ, ба варзиш ва корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб нагаштани қисми зиёди наврасон, қариб, ки ҳамарӯза қисми зиёди вақти худро ба тамошои филм ва бозиҳои компютерии тарғибгари куштору зӯроварӣ сарф намудани наврасон ва дар натиҷа дар рӯҳияи бераҳмиву ҷоҳилӣ тарбия ёфтани онҳо, дар бораи меъёрҳои аз тарафи ҷамъият қабулгаштаи ахлоқӣ тасаввуроти нодуруст доштани наврасон ва дар заминаи ин дар сатҳи паст қарор гирифтани маърифати ҳуқуқии онҳо ва ғайра.