ХИЁНАТ БА ВАТАН АБЛАҲИСТ

Фархор: Вокуниш  

Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Воқеан ҳам ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ирӯз ру ба тарақи оварда беш аз беш рушд карда истодаас. Аммо нафароне ба монадни М.Кабирӣ, Иқболи Садриддин ва боз чанд нафар бадхоҳони миллати тоҷик ин пешрафт ва шукуфоии ватанро дида натавониста тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан You tube (ютуб) бо пахши барномаҳои дуруғину иғвоангезона мехоҳанд. Зиндагии осоиштаи моро халалдор созанд.

Хоиноне бо монади нафарони дар боло зикргардида ба ҷаз нафси бадашон дигар аз чизе фикр намекунанд. Бо роҳи дуруғу фиреб мардумро ба ҷаҳолат андохта аз пайи амали намудани максадҳои нопоки худ ва хоҷагони хориҷиашон мебошанд. Хамин холатро дар мисоли аъзоёни ТТЭ ХНИ бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин дидан мумкин аст. Зеро хамаи нахзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд. Фикр мекунам, ки сабаби анҷоми ин амадҳои аблаҳонаашон ҳамон маблағҳои аз хоҷагонашон гирифта мебошад. Хоҷагони хориҷии ин бадбахтон ононе, ки солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандиро ба миён оварда буданд карда буданд ва ҳамчунин чандин ташкилотҳои террористӣ мебошанд, ки пайваста аз ҷиҳати молиявӣ таъмин менамоянд, то  хиёнаткорияшро афзун  кунад.

Фирор намудани ҳамаи аблаҳони наҳзати ба кишварҳои Аврупои далели он аст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешаванд, агар не, барои чи чандин ватанфурӯшу террорист ба монади Ҳусейн Ашуров, Салмон ва дигару диган ки аз сиёсат фарсахҳо дуранд, бо чи бо азобу машақати зийд тариқи барномаҳои ифротӣ ба сиёсат мудохила карданшон чӣ зарур аст? Маълум мешавад, ки ин наҳзатиёнро хоҷагони хориҷияшон супориш медиҳанд, то ба сиёсати кишвари мо мудохила намоянд, миллатро гумроҳ созанд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Ҳатто таъсиси чанд сомонаи ифротӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки аз ҷониби наҳзатиён ташкил карда шудаасту барономаҳо, туҳматномаҳо ба нашр мерасонад, аз тарафи ҳамин хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешавад, ки ин воқеан ҳам аз дурӯягиву хоинии наҳзатиён шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам ҳамин рафтор ва муносибати наҳзатиён худ нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин палидон зархариди душмани миллату ватани хеш гардидаанду барои ду танга ба чӣ хиёнатҳое қодиранд. Ман ҳамчун як шаҳрванд чунин акида дорам, ки роҳбарони давлатҳои аврупоие, ки хоинон дар он ҷойҳо паноҳгоҳ доранду ба оромиву осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати тамаддунофари тоҷикро паст мезананд, бояд ин ки хиёнаткорони Ватанро, ки тарки Ватан намудаанду ба марзу буми хеш баргардонад.

Имрӯз мардуми ҷумҳурии азизамон зери осмони соф дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рӯҳияи ободкориву созандагӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон музтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ мекунанд.

Барои ифротгарову террорист, ба оне, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, кӯрнамакӣ мекунаду нияташ халалдор кардани оромии кишвар аст, гузашт нест. Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист. Сарварон ва аъзои ТТЭ ҲНИ ба давлату миллати худ хиёнат кардаанд. Онҳо ба ин кирдорашон бояд дар назди мардум ва Ватан ҷавоб диҳанд.Банда аминам, ки миллат ин хиёнат ва душмании наҳзатиёнро нахоҳад бахшид, зеро он хиёнате ки наҳзатиён солҳои 90-ум анҷом дода буданд, он даҳшате ки бар сари миллат оварда буданд, то ҳол аз хотираҳо зудуда нашудааст ва зангори кулфатҳои он рӯзҳо аз дили мардум шуста ҳам нагардидааст, ки  наҳзатиён дубора даст ба хиёнат зананд. 

Ҳарчанд имрӯз хоинони миллати тоҷик дар Аврупо қарор гирифтаанду худро дар амн меҳисобанд, аммо иштибоҳе беш нест. Онон ҳатман барои кирдорҳои хеш ҷавоб хоҳанд дод.

 

Тағайзода Рустам – узви ҲХДТ