ИФТИХОР АЗ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ХЕШ

Фархор: Созандагони ватан  

Таърихи 20 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 мулоқоти Директори муассисаи мазкур бо аъзо ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва хонандагони муассисаи мазкур дар мавзуи болозикр баргузор карда шуд.  Нотиқон оид ба мавзӯи болозикр иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ватани азизамонро аз вартаи парокандагии миллат наҷот дода, харобиҳои ҷанги бемаъниро аз байн бардошт. Шукргузорӣ  аз давлати соҳибистиқлоламон мекунем, ки ҳама сола беҳтар гардидани дараҷаи зисту зиндагии мардум худ ифодагари мусбии  Истиқлолият мебошад. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст, мо соҳиби ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ ҳастем.Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мақому эътибори давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо шарофати Сарвари маҳбуби кишвар пеш рафт, шуҳратёр шуд, миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихии хешро дар ҷаҳон эҳё намуд. Акнун Истиқлолияти кишвар аз ҳисси ватандӯстии ҳар кадоми мову Шумо  вобастагӣ дорад. Ҳадафҳои Президенти кишвар дар бораи самаранок истифода бурдани замин, дар як сол аз заминҳои обӣ гирифтани ду – се ҳосилро ба вуҷуд овард.

Бо мурури замон ҳама душворию азиятҳо паси сар шуданду давлат орому миллатамон ҳамаи монеаву душвориҳоро  паси сар кардаанд, ки  имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва чун қавми бузург эътироф мекунанд. Имрӯзҳо тамоми ҷаҳониён, Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол, давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд, миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 32 - солагии Истиқлолият  қарор доранд, ки ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва  созандагӣ саъю талоши худро карда истодаанд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, сарсупурдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 32 – соли Истиқлолият ба дастовардҳои зиёде мушарраф гардида,  мардумро ба зиндагии шоиста  расонид.