АЗ ҲАМВАТАНИ ОҚИПАДАР МЕНОЛАМ.....

Фархор: Вокуниш  

 

Аслан ин ибора барои онҳоест  мисли “Иқболи Садриддин”, “Ашӯров Ҳусейн”, Гадоев “Шарофиддин”,  “Холиқов Салмон ва роҳбари гуруҳи экстремистии “Паймони миллӣ”  дар Полша “Кабирӣ Муҳиддин”  ва дар омади гап ин сухан меравад. Дар воқеъ онҳо ҳамватанони мо нестанд. Вале сад афсус, ки ҳар куҷо онҳо аз номи Тоҷикистон сухан мекунанд. Фитнаву дуруғ, дасисабофӣ, ҳангомаҷӯиҳошон, сангпартоиву маломат ҳама ба ин сарзамин аст ва ҳам бо ҳамин забон шарм нокарда сухан мегуянд, худро аз ин ватану аҳли ин забон мегиранд. Болои ҳамаи ин дарди бедовое доранд, ки касифтарин касон гумонам чунин нестанд. Ҳама ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар ва ё муҳоҷироне дар онҷо қарор доранд, бо андак мушкилоти пешомада онҳоро бо найрангу дасиса, ба кишвари худ, ватани худ ва модари худ мағзшӯӣ мекунанд.

Шарм нокарда худро “дигарандеш” ва тоҷику Тоҷикистонӣ мегуянд. Аз хотир ба онҳо моҳам ба равиши  худашон гуфтем, ки АЗ ҲАМВАТАНИ ОҚИПАДАР МЕНОЛАМ.

         Пешниҳоди навбатии Тоҷикистонро СММ бо иттифоқи оро пазируфт. 21-марти соли 2023 Конфронси байналмилалӣ дар бинои марказии СММ дар Нюёрк таҳти роҳбарии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид. Тоҷикистон барои тамоми меҳмонони олам дар СММ Наврӯзи байналмилалиро  гузарониду ҳама шоҳиди шиҳкориҳои мо гардиданд, ба ғайр аз Шумо “Иқболи Садриддин”, “Ашӯров Ҳусейн”, Гадоев “Шарофиддин”, “Холиқов Салмон” ва “Кабирӣ Муҳиддин”... Оламиён моро табрик ва ситоиш мекардаднд. Барои ҳифзи птряхҳо, оби тоза, наҷоти инсонҳои олам аз беобӣ бо Тоҷикистониён дамдил буданд, аққалан шумо як садо ба хотири Тоҷикистон ва руҳбаландии мардуми тоҷик баланд накардед. Ҳоло он, ки аксарияти Шумо дар Аврупову Амрико ва дар онҷоҳо будед. Пас маълум аст, ки мақсади Шумо танҳо ва танҳо иғво, дасиса, фиреб, мардумфиреби, ғараз буда, зархарид  мебошед.

         Масъалаи дигар ин ки дар баромад, суханрониҳотон, барномаҳои телевизионитон, ҳатто дар дуруғгуиҳотон низ ояту сураҳои илоҳӣ  истифода мебаред. Гуиё ин сарзаминро аз маҳдудаҳои ислом ном мебурдед. Шоҳид гаштед, ки калонтарин масҷиди Осиё дар Тоҷикистон бо шукуҳи хоса кушода шуд. Президенти кишвар, шоҳигарии кишвари арабии дусти мо, сафоратхонаҳо иштирок доштанд. Аммо дар ин бора  ҳам ба даҳонатон  об гирифта нос доштед. Чанд руз қабл ҷавонони тоҷик аз Фаронса аз оилимпиадаҳои байналмилалӣ, ки  байни 45 - давлати дунё гузашт, бо беҳтарин дастовардҳо фанҳои дақиқ, химия ҷойи 1 медали тилло ва  фанҳои биология ҷойи 2 медали нуқраро ба Ватан  оварданд. Як бор лаб накушодед.

         Пас маълум аст, ки Шумо ва ҳамтоёнатон танҳо барои дигарон кор мекуненд, иғвогару найрангбозед ва ҷавонони муҳоҷирро фиреб карда ба   доми худ меафтонед, то фаҳмиданашон, ки Шумо хатокору русиёҳед. Ман ба шумо гуфтаним, ки наход дар замони 30-соли истиқлолият ягон дастовард ба даст наомада бошад?.  Ба Шумо ман ба ду мисраи Бедили бузур ҷавоб гуфтаниам, ки

Бедил аз шабпара кайфияти Хуршед напурс, 

 

Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон куранд.

 

Аммо шумо бо ин қадар расвогиҳоятон, ки хуро аз ин ватан ва ин забон мешуморед, ин дуруғу русиёҳиҳоятон мебошад. Зеро бо ин коратон  аз хоҷаҳои худ чу саг устухон мегиред.  (узр, ки дар ҳҳаққи саг хуб нашуд). Шумо ба ҳеҷ арзиш  қиммат намегузоред. На модар, Ватан, милллат, дин, мазҳаб ва дигар арзишҳои маънавию миллӣ.  Возеҳ мегӯям, ки шоири дигари мо маҳз  шуморо мегӯяд, ки “Аз ҳамватани оқипадар менолам”  аммо

        

Вализода Муҳаммад – узви ҲХДТ

бознашр