ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 28 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Навобод” дар ҳудуди деҳа дар асоси дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои ободониро дар доираи аксияи “Рӯзи ободонию Созандагӣ” роҳандозӣ намуданд.Дар ин рӯз аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз муассисаи таълимии №13 ба ҳашари дастаҷаъмона баромада дар шоҳрои ноҳия, ки аз деҳаии мазкур мегузарад корҳои назаррасеро аз тоза намудари канали обгузари паҳлуи роҳ, нарм намудани дарахтон, рубу чин намудани роҳравҳо ва ғайраро ба анҷом расониданд.