Татбиқи аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дӯстӣ:  Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, санаи 25.09.2022, дар оромгоҳи деҳаҳои А.Раҷаб ва М.Ҳотам, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, Амалиёти ҳизбии умумивилоятии  "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи А.Раҷаб, Шарипов Шамсиддин, имомхатиби деҳа ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиёни ин ташаббус дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои бегона тоза карда, шохаҳои дарахтонро ба тартиб дароварданд.
Дар анҷоми кор дар ҳаққи гузаштагони ин даргоҳ дуои хайр хонданд.