Баргузории аксияи ҳизбии "Як рӯзи тозагӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Нури Вахш" аксияи ҳизбии "Як рӯзи тозагӣ" баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз раиси ташкилоти ибтидоии "Нури Вахш" Турдиев Амондавлат ва дигар аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ иштирокчиён шафати шоҳроҳи Дӯстӣ-Қубодиёнро аз алафҳои бегонаву хушкида тоза карда ашёҳои пластикию полиэтилениро ҷамъоварӣ намуда безарар гардониданд.
Инчунин бо истифода аз техникаи махсус роҳро об пошиданд.