Ташаббусҳои ҳизбӣ дар амал.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабусси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Раҷаббек, бо дастгирии аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, имрӯзҳо дар  роҳҳои автомобилгарди Ҷамоати мазкур таъмири ҷории роҳҳо бо суръат идома дорад. Масъулин азм доранд, ки то ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои ҳудуди ҷамоатро пурра аз таъмири ҷорӣ бароранд.