МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФАЙЗИ ЗАМИН" БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дӯстӣ:  

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд.

Маҷлиси навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Файзи замин" гузаронида шуд, ки дар он Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим иштирок намуд.

Саравал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Файзи замин" Қурбонов Чилла оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ давоми як соли охир ҳисобот дода, вобаста ба корҳои анҷомдода ва назорати онҳо суханронӣ намуданд.

Сипас мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим баромад намуда вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ ва хизматрасонии босифат намудан ба аҳолӣ ибрози андеша карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис масъалаи аз нав интихоб намудани раиси ташкилот баррасӣ гардида аз ҷониби аъзоёни ташкилот Қурбонов Чилла аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Файзи замин" интихоб карда шуд.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда оид ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.