БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҶАВОНОН"

Дӯстӣ:  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида имрӯз 12.06.2024, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ, баргузор карда шуд.

Дар кори маҷлис, Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор иштирок доштанд.

Маҷлисро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" Саломов Рақибҷон оғоз карда, оиди фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот доданд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" бо пешниҳод ва тарафдории ҳамаи аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ аз нав Саломов Рақибҷон интихоб гардида, нақшаи кории ташкилот барои 6-моҳи оянда тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда доир ба ҳамаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар анҷоми маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор баромад карда, оиди масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, ҷалби онҳо дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва вазъи сиёсию иқтисодии имрӯзаи ҷаҳон суханронӣ намуд.