МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "БОЙТОРӢ" БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дӯстӣ:  

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд.

Маҷлиси навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бойторӣ" гузаронида шуд, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор иштирок намуд.

Саравал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бойторӣ" Иброҳимзода Абдусалом оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ давоми як соли охир ҳисобот дода, вобаста ба корҳои анҷомдода ва назорати сифати маҳсулотҳои озуқаворӣ суханронӣ намуданд.

Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор, баромад намуда вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, пардохти саривақтии аъзоҳақӣ ва хизматрасонии босифат намудан ба аҳолӣ ибрози андеша карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис масъалаи аз нав интихоб намудани раиси ташкилот баррасӣ гардида аз ҷониби аъзоёни ташкилот Иброҳимзода Абдусалом аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бойторӣ" интихоб карда шуд.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда оиди ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.