КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР МАҲАЛЛАҲО

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Чунин иқдом имрӯз аз ҷониби раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Донашикан" Хаттиев Эшмаҳмад дар якҷоягӣ бо аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ кӯчаҳои деҳаи номбурда чароғон карда шудаанд.