ХОНИШИ СИЁСӢ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРӢ

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ибрат” МТМУ №45 тибқи нақшаи кории шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба 31-юмин солагрди Рузи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни ҷавонон хониши сисёсӣ баргузор гардид. Зимни суханронӣ Юсупов С -мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита қайд кард. Ки артиш пояи эътимодноки давлат ба ҳисоб рафта, 23-юми феврал ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Инчунин номбурда оид ба ташаббусу дастгириҳои Пешвои миллат дар самти рушди Артишии миллӣ, беҳтар намудани шароит дар қисмҳои низомӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ аз ҷониби ҷавонон, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ,бедор намудани ҳисси ватандустии ҷавонон ва тарбияи дурусти насли навин суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.