АКСИЯ ҲИЗБӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

31 сол мешавад, ки Артиши миллӣ дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро дар тӯли 31 соли таъсисаш метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зарраи хоки диёр номид. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст. Дар ҳамаи давру замонҳо аз артиш барои ҳимояи давлат ва ватан истифода мебурданд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба 31-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” дар кучаҳои маркази ноҳия ва дар ташкилоту идораҳо аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар рафти аксия волонтёрон сокинони ноҳияро бо 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, варақаҳои табрикоти тақдим намуданд.