ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

Дӯстӣ: Андеша  

Ҷавонон нерӯи ояндасози миллат, қувваи пешбаранда ва ифтихори давлату миллатанд. Ояндаи давлат ва миллат маҳз дар дасти ҷавонони бомаърифат ва болаёқат мебошад. Воқеан ҳам ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳар як халқу миллат мебошанд. Тазаккур бояд дод, ки имрӯзҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҷавонон кор ва фаъолият менамоянд.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ки санаи 28.12.2023, ироа гардид, нақш ва мақоми ҷавонони мамлакатро дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат яке аз самтҳои асосӣ арзёбӣ намуда Пешвои миллат иброз доштанд, ки "Ҷавонони мо ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.
Воқеан имрӯз ҷавонони фаъол, донишмандон, соҳибкорони ҷавони ватандӯст, варзишгарон ва олимони ҷавони кишвари азизамон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат фаъолияти хубу назаррас дошта, бо ҳунарнамоӣ, тавоноӣ, илму маърифат ва натиҷаҳои варзишии худ номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта истодаанд.
Ин ҳама дастоварду мувафақиятҳои ҷавонон, аз баракати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, тинҷию осоиштагӣ ва дастгириҳои пайвастаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки танҳо дар соли 2023, зиёда аз 3000 ҷавонони мамлакат ғолиби озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.
Иштироки фаъолонаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бешубҳа ба болоравии обрӯи Ватани азизамон мусоидат мекунад.
Хусусан дастовардҳои футболбозони тими мунтахаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти “Федератсияи футболи Тоҷикистон” муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки худ ҷавони насли замони Истиқлол мебошанд солҳои охир хеле беназир буда, шараф ва обрӯи давлати моро дар қораи Осиё ва ҷаҳон хеле баланд бардоштаанд.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо баромади шигифтангези футболбозони мунтахаби миллии кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол аст, ки чанде пеш дар давлати Қатар баргузор гардид шоистаи таҳсину офарин мебошад.
Футболбозони тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастуру супоришҳо ва насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вақт ёфта  бевосита барои дастгирӣ ва ҳидояти футболбозон ба давлати Қатар рафта буданд, ба футболбозон иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланд бахшида, бозии ҷолибу хеле зебо нишон дода аз гурӯҳи худ баромаданд.
Дар даври ҳаштякниҳоӣ бо тими мунтахаби Аморати мутаҳидаи араб, ки яке аз тими қавии қораи Осиё ба шумор меравад зафар ёфта ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Бо шарофати ин қаҳрамонии футболбозони мо, ки ҳамагӣ  ҷавонони насли Истиқлолият мебошанд, имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор дорад, ки ин аз сиёсати дуруст ва ҷавонпарваронаи ҳукумату давлат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Имрӯз барои ҳар як ҷавон мояи ифтихор аст, ки мо дар чунин ватани ободу зебо, пешрафта, амну осоишта ва дар давлате зиндагӣ мекунем, ки роҳбари маҳбуби кишварамон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои муосир ва пешрафтаро барои мо ҷавонон муҳайё сохтаанд ва ҳамаҷониба ҷавононро дастгирӣ менамоянд.  
Маҳз чунин омилҳоро ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуда буданд, ки ин дастоварди беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.
Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва рӯҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми судбахшро ба кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.  
Дар марҳилаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон  Пешвои ҷавонпарвари миллат ба ҷавонони ҷумҳурӣ роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо аз қабили стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ ба мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва гузаронидани ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, баҳри ба таълиму тарбия сафарбар намудани ҷавонону наврасон, рӯ овардан ба китобу китобхонӣ, ташкили озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида, собит намуданд, ки дар байни ҷавонон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодааст. Илова бар ин ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табии ҷалб кардани наврасону ҷавонон озмуни ҷумҳуривӣ зери унвони «Илм-фуруғи маърифат»  гузаронида мешавад.  
Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами  кишвар зикр намуданд. «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Яъне имрӯз барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқдисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Ва дар ин росто, пеш аз ҳама, азму талош ва кушишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвар нақши ҳалкунанда дорад.
Ҷавонон бояд мувофиқан, дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо рӯҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ аз истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯст камари ҳиммат баста, пайваста созанда ва бунёдкор бошанд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ: Зоҳирзода  Саймухтор