МАВОДИ МУХАДДИР--ҲАМЧУН ХАТАРИ ҶАҲОНИ БА ҶОМЕАИ ИМРУЗА!

Дӯстӣ: Вокуниш  

Солҳои охир афзоиши ҷиноятҳои алоқаманд бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба назар мерасад, ки ва дар як қатор ҳолатҳо содиркунандагони ин ҷиноятҳо ҷавонон мебошанд. Тибқи назари ман масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор рафта, дар ин ҷода тайи солҳои охир корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Аҳамияти назариявӣ ва амалии мавзуъ дар он аст, ки дар он пешниҳодҳои аниқ пешбини шудааст, ки метавонад ҷиноятҳо оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ содиршударо коҳиш дода ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд. Мушкилоти ҷомеаи имрӯза, ҳаллу фасли дастаҷамъонаи ҳамаи давлатҳо ва халқу милатҳоро ба вуҷуд меоварад. Ин мушкилотҳо норасогии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлим, проблемаҳои экологӣ, кам гардидани сарватҳои табии, ифротгароӣ,терроризм, пешгирии ҷанги нави ҷаҳонӣ, СПИД,(вируси норасоии масъунияти бадан), нашъаманди, майзадагӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мисоли инҳо мебошад.

Олами муосир бо вуҷуди ин ҳама пешрафту инкишофи худ аз мушкилотҳо ва падидаҳои манфиву канора ва таҳдидҳои харобиовар холи нест. Аслан манфиатҷуии давлатҳои абарқудрат, зиддияти байни давлатҳо ва муносибати бешууронаи инсон ба табиат, боиси он гардидааст, ки дар олам ҳар гуна хатару ҳодисаҳои мураккаб ба амал оянд. Аз ин ру асри ХХ|-ро мушкилот ва таҳдидҳои гуногуни ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Бо вуҷуди он, ки олами имрӯза дар як зинаи баланди тараққиёт ҷой дошта бошад, ҳам дар баробари ин хатару таҳдидҳои зиёде ҷой дорад, ки ҳар лаҳза метавонад хосияти манфии худро ба оламиён ба вуҷуд биёрад. Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гушаву канори дунё мерасонанд. Тибқи омори Маркази милли ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишварамон шумораи шахсони гирифтори нашъаманди ба қайд гирифта шудаанд, ки бештарашонро ҷавонону наврасон ташкил медиҳад. Назорати муомилоти маводи мухаддир, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии он ва пешгирии нашъамандӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти зиддимухадиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Сатҳи баланди истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва қочоқи он омили асосии муайянкунандаи вазъи вобаста ба маводи мухаддир на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,балки дар тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.Дар байни шахсоне, ки барои ҷиноятҳои ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, бекорон ва шахсони ба мақоми муайяни иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна 65-70%-ро ташкил медиҳанд. Хулоса, олами муосирро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Новобаста аз он, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин таҳдидҳо чораҳо меандешад, вале ба пуррагӣ аз байн бурдани ин таҳдидҳо ғайриимкон аст. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҳар соату ҳар лаҳза ин таҳдидҳо зиёдтару мураккабтар мегарданд, ҷиҳати манфиаш дар он аст, ки ҳоло як таҳдид ба пуррагӣ ҳалли худро наёфта, таҳдиди дигар пайдо мешавад.

Маҳмадшарифзода Ҷамшед

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ТИ "Амонатбонк"  н. Дӯстӣ