САНГФАРШКУНИИ РОҲҲО БО ТАШАББУСИ ВАКИЛОНИ МАҲАЛЛӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани роҳҳои дохилии деҳаҳо ва таъмини ҳаракати озоди сокинони маҳал бо ташаббуси вакилони ҷамоат, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳал ва шахсони саховатпеша сангфаршкунии роҳҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бо маром идома доранд.

Чунин ташаббус имрӯз бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Навзамин, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Умед"  Менглибоев Ҷурақул, сокинони деҳа ва дигар шахсони саховатпеша дар деҳаи Умеди Ҷамоати деҳоти Навзамин  амалӣ карда шуд.
Бо иштироки сокинони деҳа ва истифода аз техникаҳои роҳсозӣ зиёда аз як километр роҳи дохилии деҳаи Умед сангфарш карда шуд.
Ин иқдоми вакили маҳаллӣ, Менглибоев Ҷурақул аввалину охирин набуда соли гузашта бо ташаббуси номбурда ва саҳмгузории сокинони деҳа, қисмати дигари роҳи деҳаи Умед сангфарш гардида буд.