АЁДАТИ МАЪЮБОНУ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ ИДИ СОЛИ НАВ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдат намудани ятимон, маъюбон, калонсолон ва оилаҳои ниёзманд дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ яке аз амалҳои хайру савоб ба ҳисоб рафта, ин анъана аз аззал байни халқи тоҷик роиҷ будааст, то ин ки дар ҳама ҳолат дастгири якдигар бошанд.

Дар пайрави аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ба ятимону маъюбон ва оилаҳои  ниёзманд ғамхории зиёд зоҳир менамоянд, имрӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба аёдати маъюбону ниёзмандон рафта дар арафаи иди Соли нави мелодӣ туҳфаҳои солинавӣ ва нафақаи ҳизбиашонро  таъмин намуданд.
Чунин иқдом аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони ноҳиявӣ ва шахсони саховатпеша низ дастгирӣ ёфта дар арафаи Соли нав ба якчанд нафар маъюбони гурӯҳи якум ва оилаҳои ниёзманд кумакҳои яквақта расонида шуд.