ДИДАН НАМУДАНИ АФСАРОН АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “ВАХШ” - И НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ДӮСТӢ: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои деҳоти “Ҷиликул” ва "Г. Гулмуродов" ва бо аҳли фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангӣ дар қисми ҳарбии Дидбонгоҳи сарҳадии “ВАХШ”-и ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳамидзода А, Муовини раиси ноҳия Мирзосафарзода Ш, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷ/д Ҷиликул Маҳмадалиев Б, ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷ/д Г Гулмуродов Назарова М, иштирок ва суханрони намуданд.Зимни баргузории вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ҳозиринро ба муносибати Соли Нави мелодӣ табрику муборакбод гуфтанд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад.

Мавриди қайд аст, ки заҳмату талошҳои пайвастаи сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар гардонидани қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ бараъло эҳсос гардида, имрӯз шароити мусоид барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад ба хотири зиёд гардидани меҳри ватандӯстӣ, завқи волои меҳанпарастии сарбозон вохӯрии мазкур баргузор карда шуд. Аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии аҳли фарҳанги ноҳия консерти соли навӣ баҳри сарбозон баргузор гардид, ки афсарон хушу хурсандона рақсу бозӣ ва болидахотирӣ намуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабини дастархони идона ороста ба ҳамаи сарбозон оши палов омода намуда ва кумаки ғизои аз қабили орд, равған, биринч, картошка, сабзи, гӯшт, меваҳо, ва шириниҳо аз ҷониби ташкилотҳои ибтидои ҳизбии "Ҷиликул" ва "Г. Гулмуродов" - и ноҳия расонида шуданд.

Возможно, это изображение 7 человек