САНГФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд.

То имрӯз аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша, Кумитаҳои маҳалла ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ чандин иншоотҳои хизматрасониву маишӣ сохта ба истифода дода шуда роҳҳои деҳаву маҳаллаҳо сангфарш, мумфарш ва чароғон карда шудаанд.
Санаи 23.12.2023,   аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ  Мирзоев Суҳроб ва сокинони маҳал зиёда аз як километр роҳи Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сангфарш карда шуд.
Дар ин ташаббус раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз ва муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафарзода Шамсиддин низ иштирок доштанд. Зимни суҳбат Мирзоев Суҳроб иброз дошт, ки маблағе ки барои сафари ҳаҷи умра ҷамъ намуда буд дар ободонии роҳи маҳалли худ сарф намудааст.