ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНИЮ КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар ноҳияи Дӯстӣ, маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ бо маром идома дорад.  Иқлими ноҳияи Дӯстӣ, ки нисбат ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ гармтар мебошад дар фасли тирамоҳу зимистон шинонидани ниҳолу дарахтон айни муддао мебошад.    Бо ҳамин мақсад 23.12.2023, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳаиидзода Абдулҳафиз, кормандони Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Ҷиликул" Маҳмадалиев Баҳром ва дигар аъзоёни ҳизб дар маркази ноҳия Аксияи ҳизбии "Ниҳолшинонию кабудизоркунӣ" гузаронида шуд.

Ин ташаббус ҳамзамон дар назди дигар корхонаву идораҳои давлатии ноҳия бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда шуда дар назди корхонаву муассисаҳо ниҳолҳои ороишӣ, сузанбарг ва сояафкан шинониданд.