БУНЁДИ МУАССИСАИ НАВУ ЗАМОНАВӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сохтмони  биноҳои муассисаи таълимии наву замонавӣ дар ноҳия бо маром идома дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи маориф таваҷҷӯҳи махсус равона намуда, дар самти муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои муассир меандешад. Ин аст, ки дар гӯшаву канори мамлакат, хусусан вилояти Хатлон сохтмони биноҳои наву муосир муҷаҳҳаз бо лавозимоти таълимӣ бунёд шуда истодаанд.

Ҳамзамон, дар назди чанде аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ низ ҷараён дорад, ки дар самти таъмини ҷойи нишаст барои хонандагон мусоидат мекунанд.