ТАШАББУҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!"  бо дастгирии аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ як қатор иқдомҳои созанда амалӣ гашта истодаанд.
Чунин ташаббус аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва саҳмгузории як нафар ҷонибдори ҲХДТ, шахси саховатпеша Ризоев Суҳроб дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Дӯстӣ амалӣ карда шуд. Дар доираи ин иқдом зиёда аз 1 км, роҳҳои дохилии ҷамоати номбурда сангфарш карда шуд.