ИҚДОМҲОИ СОЗАНДА

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.
Бо ташаббуси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ имрӯзҳо дар ноҳияи Дӯстӣ истгоҳҳои нави замонавӣ васл карда шуда истодаанд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба сокинони ноҳия мебошад.